Соли ҷорӣ, хизматрасонии "Пешномнависӣ" барои довталабони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қаблан номнавис кардани худ барои марҳалаи бақайдгирӣ аз 24-уми феврал то 15-уми апрели соли 2020 фаъол мегардад. Таъкид месозем, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад. Зеро, он ҳатмӣ набуда, танҳо барои осон кардани раванди бақайдгирии довталабон ва сарфа кардани вақти онҳо пешбинӣ шудааст. Барои расман аз қайд гузаштани довталаб ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шахсан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шудани ӯ ҳатмист. Маълумоти бештарро дар ин мавзӯъ метавонед аз пайванди интернетии http://ntc.tj/images/Downloads/7_peshnomnavisi.pdf дастрас намоед.